давр

давр
[دور]
а
1. гардиш, чархиш, ҳаракат дар гирди чизе; даври фалак гардиши фалак, чархи фалак; замона, рӯзгор
2. навбат (дар бозӣ, овоздиҳӣ дар интихобот ва ғ.); даври ҷом гардиши бонавбати ҷоми май дар давраи аҳли сӯҳбат
3. айём, ҳангом; вақт, замон: даври пеш (қадим), дар ҳар давру замон; даври ҷавонӣ айёми ҷавонӣ, вақти ҷавонӣ; даври коре расидан фаро расидани вақти коре
4. маҷ. вақти ҳукмронӣ, аҳди салтанат; даври касе омадан навбати ҳукмронии касе расидан; ҳукми касе раво гардидан
5. гирд, гирдогирд, атроф, давра, доира: даври сар, даври хирман, ба даври мизи касе ҷамъ омадан, даври чизеро печонида гирифтан; давру пеш гирду атроф, гӯшаву канор; қарибиҳо, наздикиҳо; давр задан а) гирд гаштан, чарх задан дар атрофи чизе (мас., киштии кайҳонӣ дар атрофи Замин); б) аз гирди чизе гузаштан; атрофи ҷоеро тай карда рафтан (роҳи ростро монда); в) маҷ. сайру гашт кардан, гардиш кардан (барои тамошо ва ҳавохӯрӣ); давр зада баромадан а) гирд гаштан, гашта баромадан ҷоеро (мас., барои аз назар гузаронидан); б) паймудан атрофи ҷоеро; давр рондан а) ҳукм рондан, ҳукмронӣ кардан; б) маҷ. бо айшу ишрат рӯз гузаронидан, хушвақтӣ кардан, бо карру фар рӯз гузаронидан
◊ даври гул фасли шукуфтани гулҳо, мавсими гул; давр-даври касе (будан) а) ҳукмрони замон будани касе; б) ҳукми касе раво будан, гапи касе гап будан; давру даврон а) замона, рӯзгор; б) айшу ишрат, хушию хуррамӣ, рӯзи хуш

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Смотреть что такое "давр" в других словарях:

  • даврӣ — [دوري] 1. доирашакл, мудаввар, давра 2. табақи калони ошхӯрӣ 3. навъи ҷул, сағрипӯши маркаб 4. мансуб ба давру замони муайян; ҳар ҳодисаи дар вақту замони муайян такроршаванда 5. пардаи гулдӯзии арӯсӣ, ки гулҳояш одатан гирд гирд дӯхта мешавад;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Давраф — Давр’аф (Нав.19:12 ; Нав.21:28 ; 1Пар.6:72 ) левитский город удела Иссахарова, расположенный на западном склоне горы Фавор на границе с уделом Завулоновым …   Библия. Ветхий и Новый заветы. Синодальный перевод. Библейская энциклопедия арх. Никифора.

  • Давраф — Давр’аф (Нав.19:12 ; Нав.21:28 ; 1Пар.6:72 ) левитский город удела Иссахарова, расположенный на западном склоне горы Фавор на границе с уделом Завулоновым …   Полный и подробный Библейский Словарь к русской канонической Библии

  • давра — [دوره] а 1. чизи мудаввар, гирд, доирашакл: мизи давра, оинаи давра, ҳавзи давра; чароғи давра ниг. даврапилта 2. давр, гардиш, навбат 3. гурӯҳи ҳалқа зада ба як ҷо гирдомадаи одамон, маърака, ҷамъомад (мас., давраи ҷавонон) 4. вақту замони… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гардиш — [گردش] 1. гирдгардӣ, чархзанӣ, даврзанӣ: чарх ба гардиш даромад 2. сайру гашти кӯтоҳмуддат, сайру тамошо, тамошо карда роҳ рафтан 3. рафтор, ҳаракат 4. чанбари чизҳои доирашакл: гардиши доира, гардиши ғалбер 5. маҷ. тағйирот, дигаргунӣ,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гаштан — [گشتن] 1. чархидан, давр задан 2. давр зада баромадан, ҷустуҷӯ кардан 3. роҳ рафтан, ҳаракат кардан; гардиш кардан, сайру гашт кардан 4. баргаштан, риҷъат кардан, қафо рафтан 5. маҷ. хамидан, поин фуромадан, ба нишастан сар кардан 6. тағйир ёфтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гирд — [گرد] 1. доирашакл, мудаввар 2. атроф, давр, пиромун; гирди… // ба гирди… дар атрофи…, пиромуни…, ба даври…; аз гирди… аз атрофи…, гирдогирди…; гирдгирди… атрофи…, давродаври…; гирду атроф // гирду канор // гирду пеш давродавр, ҳама ҷониби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гирдоб — [گردآب] 1. ҷои давр зада давр зада фурӯ рафтани оби равон дар наҳр, дарё ё баҳр 2. маҷ. ҷои хатарнок, ҷои ҳалокатовар; ба тариқи истиора: гирдоби андеша, гирдоби фикру хаёл, гирдоби фалокат, гирдоби фано ва ғ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даврон — [دوران] 1. давр, рӯзгор, даҳр, замо на; вақт, ҳангом, айём: даврони бачагӣ (ҷавонӣ, пирӣ) 2. замони ҳукмронӣ, аҳди ҳукмронӣ; нодираи даврон беназир дар замони худ, мумтоз, беҳамто; ягонаи даврон беназир, беҳамто, бемислу монанд; давру даврон ниг …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • задан — [زدن] 1. кӯфтан, чизеро ба чизе сахт расондан; осеб расондан (бо даст ё чизи дигар) 2. зарба расонидан; саркӯб кардан 3. кӯбидан, тақ тақ кардан (мас., дарро) 4. бархӯрдан, расидан; ба ҳам бархӯрдан 5. тапидан, зарабон ( и дил), ҳаракат кардан 6 …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»